ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ. Дахлнопазирии шахсият
Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест. Ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс танҳо дар асоси қарори суд, судя ба иҷро расонида мешавад. Шахсеро, ки нисбаташ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, инчунин шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, бояд дар ҷойҳое нигоҳ дошта шавад, ки шароиташон барои ҳаёт ва саломатӣ хавф надошта бошад. Шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад. Қарори суд, судя дар бораи аз ҳабс озод намудани шахс фавран иҷро карда мешавад. (Моддаи 11-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Название:
ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ. Дахлнопазирии шахсият
Категория:
Разное