ИН ВАТАНРО СОХТАН ОСОН НАБУД...
ИН ВАТАНРО СОХТАН ОСОН НАБУД! Сўхтан, бигдохтан осон набуд, Ин Ватанро сохтан осон набуд. Ин ҳама ороиш аз хуни дил аст, Хонаро пардохтан осон набуд. Баъди марги Коваву ҳаждаҳ писар Парчаме афрохтан осон набуд. Сар ба дору пой дар завлона монд, Бе сару по тохтан осон набуд. Баъди хуни панҷаҳои Борбад Уди нав бинвохтан осон набуд. Сад ҳазор осори фарҳангу ҳунар - Ҳамчу ҷоне бохтан осон набуд. Чун Сиёваш хешро аз баҳри нанг Бар алоб андохтан осон набуд. Хокаш аз ашки ниёгон хуррам аст, Ин Ватанро сохтан осон набуд. БУЗУРГМЕҲР БАҲОДУР
Название:
ИН ВАТАНРО СОХТАН ОСОН НАБУД...
Категория:
Разное