ҶАВОНИИ УСТОД АФЗАЛШОҲ БО ШЕЪРИ ФАЙЗУЛЛО АНСОРӢ
ДАР ЗАБОНИ МИЛЛАТИ МАН ИШҚ - ИН ПОКИЗАГИСТ... Ман надонам чист, охир, дар ҷаҳон афрӯхтан, Ё ҳаёти одамони покро омӯхтан. Ё шукуфтан дар ҳамин раҳ аз ҳавои меҳри ёр, Ё ки андар оташи ҷабру ҷафояш сӯхтан? Дар забони миллати ман ишқ – ин покизагист, Ҳар кас ин маъно нафаҳмад – одами покиза нест. Ошиқон гӯянд агар беҳуда ҳарф аз аҳди худ, Фарқ байни булҳавас ё мардуми ошиқ чист? Буд рӯзе, он чӣ рӯзе, ботинан месӯхтам, Гашта хокистар, валекин боз меафрӯхтам?.. Хоки роҳи ёр гаштан ё ки хокистар шудан, Кош, ман аз мардумони пок меомӯхтам! ... ✍🏻 Файзулло АНСОРӢ
Название:
ҶАВОНИИ УСТОД АФЗАЛШОҲ БО ШЕЪРИ ФАЙЗУЛЛО АНСОРӢ
Категория:
Разное