Туғрал Аҳрорӣ - Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!

201 подписчик

12+
12+

8 часов назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав

201 подписчик

12+
12+

8 часов назад

ПожаловатьсяНарушение авторских прав
12+
12+

8 часов назад

Туғрал Аҳрорӣ - Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?! Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?! Рост будам чун алиф монанди долам кардаи! Охир эй гардун, зади санги маломат бар сарам, Зери пои бешуурон поймолам кардаи! Аз чи ру, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод, Куръаи беэътибориҳо ба фолам кардаи?! Аз ту, эй ноҳид, гуфторам навои тоза дошт В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъкуб лолам кардаи! Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун, Аз чи дар рӯзи азал қисмат камолам кардаи?! Буд дар ойинаи ман акси сад маъни дучор, Занги ғам бар рӯи миръоти хаёлам кардаи! Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол, Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаи! Хамдамонам нокасони гулу аз дониш тихи, Сӯҳбати донишварон амри мухолам кардаи! Дар ҳавои мушикофи Туғралам пар мезанад, То ту эй гардун, маро дур аз висолам кардаи!

Название:

Туғрал Аҳрорӣ - Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!

Категория:

Разное